Мутухассиси оид ба хавфхо

Вазифаи ишғолкунанда: Мутахассис оид ба хавфҳо

Ҷои фаъолият: ш. Душанбе (Саридора)

Вазифаҳои асосӣ:
• Донистани қонунгузории соҳаи маблағгузории хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон;
• Донистани сиёсатҳо ва дастурамалҳои дохилии марбут ба кори идоракунии хавфҳо;
• Сафарҳои кории даврӣ барои гузаронидани мониторинги нақшавӣ ва махсус дар филиалҳо;
• Баррасӣ ва пешниҳоди тавсияҳо оид ба қарзҳои пешниҳодшуда барои Кумитаи қарзии Саридора;
• Иштирок дар таҳлили молиявии қарзҳо;
• Гузаронидани тренингҳо ва семинарҳо оид ба идоракунии хавфҳо барои кормандони ташкилот;
• Тайёр кардан ва пешниҳоди ҳисоботҳо дар бораи натиҷаҳои кори анҷомдодашуда;
• Азнавсозӣ ва тартиб додани ҳисоботҳо (Excel) дар барномаҳои махсуси таҳлилии хавфҳои қарзӣ, амалиётӣ ва молиявӣ;
Талаботҳои тахассусӣ:
• Маълумоти олӣ;
• Таҷрибаи корӣ дар ташкилотҳои молиявӣ, ҳадди аққал 3 сол (таҷриба дар чунин вазифа бартарӣ дорад);
• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забони англисӣ бартарӣ дорад);
• Маҳорати қавии навиштан бо забони тоҷикӣ;
• Маҳорати кор бо барномаҳои компютерии MS Word, Excel, PowerPoint, Outlook (малакаҳои қавии Excel бартарӣ доранд);
• Қобилияти зуд омӯхтан;
• Муоширати хуб доштан.
Шароити корӣ:
• Пардохти саривақтии музди меҳнат;
• Имкони пешравӣ дар мансаб;
• Тренингҳо ва таълим;
• Пардохти алоқаи мобилӣ.

Музди маоши хуб кафолат дода мешавад.

Хохишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ (CV) ва номаи ҳавасмандкуниро дар лифофаҳо (конверт) ҷойгир карда бо қайди номгуи вазифаи довталаб ба суроғаи зерин дастрас намоянд:
ш. Душанбе, н. И. Сомони, 2 гузаргоҳи кучаи Шарқ 14, ё ин ки ба почтаи электронӣ ирсол намоед: ozoda.abbosova@oxus-tj.org

Телефон барои маълумоти иловагӣ: (992) 98 951 00 10

Довталабоне, ки ба талаботи ҳадди аққал ҷавобгӯ мебошанд, барои ҷалби минбаъда даъват карда мешаванд.

Close date: 
Муҳлати охирин барои қабули ҳуҷҷатҳо: то соати 17:00 санаи 06 августи соли 2021.