Зеби Одинаева

Зеби Одинаева, яке аз мизоҷоне мебошад, ки 6 соли охир бо «OXUS Тоҷикистон» ҳамкори мекунад. Қарзи аввалааш ба андозаи $1000 баробар буд, ки онро соли 2012 барои сабзавоткори (кишти картошка) гирифта буд. Таърихи қарзии нахустинаш мусби баҳо дода шуд чунки ӯ фоида гирифта ҳамзамон ӯҳдадориашро сари вақт иҷрокардааст. Боду ҳавои макон ва маслиҳатҳои агрономҳо мусоидат карданд, ки ӯ ҳосили хуб ҷамъоварӣ карда тавонад. Баъд аз гирифтани чунин натиҷаҳо ӯ қарор дод, ки ҳамкориро давом дода манбаъи даромадҳояшро васеъ намояд ва дар қатори кишту кори картошка боз гандум ҳам корида ҳосил гирад. Сипас ӯ бо чорводори машғул шуданро интихоб карда якчанд сар гов харидори намуд. Натиҷаҳои фаъолияти соҳибкориаш вазъи иқтисодии оилаашро рӯз аз рӯз беҳтар карда устувортар гардонид.

Дар сатҳи минбаъдаи ҳамкорӣ бо «OXUS Тоҷикистон» вай мақсади беҳтар кардани шароити зиндагӣ ва хоҷагидории оилавиашро гузошта 3 қарзи ояндаашро барои таъмири хонааш, харидани таҷҳизоти гуногуни хонагӣ гирифтааст. Қарзи охиронаш 4000 сомониро ташкил медихад.
Шароитҳои мусоиди қарздиҳии «OXUS Тоҷикистон» имконият додаанд, ки Зеби Одинаева хушбахту муввафак гардад, зеро ҳамаи ҳадафҳои ба нақша гирифтааш амали гардидаанд ва ӯ натиҷаҳои хуб ба даст овардааст.

Тоҷики