Расулова Ҷавҳарой

Расулова Ҷавҳарой дар шаҳри Қӯрғон-Теппа зиндаги мекунад, синаш 54 сола, аз шавҳараш ҷудо шудааст, фарзанд надорад. Ҳамроҳи ӯ ҷиянаш зиндагони мекунад. Бо тиҷорат машғул шуда бо савдои пардавориву тӯрҳо машғул аст.
Мизоҷ тиҷорати худро соли 1996 аз савдои либосҳои кӯдакона дар бозори «Саховат»-и ш. Душанбе оғоз карда буду борашро аз ш. Бишкек меовард. Дар соли 2000 вай ба ш. Қӯрғон -Теппа барои истиқомат кучида омада тиҷораташро дар бозори «Фаровон» давом дод. Аз фоидаи тиҷораташ дар ин бозор барои кушодани нуқтаи савдо ҷой харида гирифт. Соли 2012 бори аввал ба андозаи 1500 доллар қарз гирифта бо савдои пардавориву тӯрҳо машғул шуд. Такроран ӯ 3000 доллар қарз гирифт. Нуқтаи савдои ӯ назди даромади бозори савдои гилему пардавориҳо ҷойгир буда, фоидаи хуб меорад. Аз ҳисоби даромадҳои тиҷоратиаш дар соли 2013 хонаи ду ҳуҷрагӣ харида тавонист. Дар айни ҳол Ҷавҳарой бо мақсади афзун кардани тиҷораташ барои гирифтани қарз ба андозаи 10 000 доллар ариза пешниҳод кардааст. Ҷавҳарой барои иҷро кардани ӯҳдадориҳои қарзиаш хеле ҷидди муносибат мекунад, бинобар ин таърихи қарзии хеле хуб дошта ягон бор нақшаи пардохтро тамдид накардааст.

Тоҷики