Тӯйчиев Илҳом

Тӯйчиев Илҳом бо истеҳсоли сандуқҳои миллӣ ва савдои он машғул аст. Ин ҳунарро ӯ аз падараш омӯхтааст. Аз синни 10 солагӣ ӯ ба падараш барои истеҳсоли сандуқҳо ёри медод, бо мурури вақт ин ҳунари падарашро ба пуррагӣ аз худ намуд. Соли 2003 вай устохонаи алоҳидаи худро ташкил кардани шуд. Падараш барои кушодани ин устохонаи нав маблағгузорӣ карда ӯро аз чиҳати молиявӣ дастгири намуд. Ҳоло бошад, маҳсулоти ӯ табъи дили мизоҷон гардида доираи соҳибкориаш сол аз сол васеъ гардида ривоҷ ефта истодааст.
Қарзи нахустини худро аз «Оксус» вай ба андозаи 5200 доллари ИМА дар соли 2009 барои хариди мавод ва ашьи хом ва барои зиёд кардани гардиши маҳсулоташ гирифта буд. Тӯйчиев Илҳом, фоидаи ба даст овардаашро боз ба истеҳсолот барои гардиш равон мекард, бинобар ин соҳибкориаш тез тақвият ёфта меафзуд.
Соли 2010 ӯ такроран 2000 доллари ИМА барои харидани воситаҳои асоси (дастгоҳу таҷҳизот) ва кабул намудани кормандони иловагӣ, яъне ташкил кардани ҷойҳои кории нав аз «Оксус» қарз гирифт.
Қарзи ҷориашро ӯ ба андозаи 3500 доллари ИМА барои зиёд кардани гардиши маҳсулот, афзун гардонидани соҳибкориаш гирифтааст. Қаблан вай сандуқҳоро танҳо дар нуқтаҳои савдои ш.Қӯрғон-Теппа ба фуруш мебаровард, ҳоло бошад мизоҷонаш дар ноҳияҳои Данғара ва Ҷилиқул ҳам ҳастанд.
Чи тавре, ки худи Илҳом Тӯйчиев мегӯяд, ҳамкори бо «Оксус» барои соҳибкории ӯ ва ҳам барои ҳаёти шахсиаш хеле самаранок аст, чунки истеҳсолот ва фуруши сандуқҳоро афзун гардонида барои бародараш хона сохт, барои худаш мошин харид ва писари хурдиашро ба мактаби хуб ҷойгир кард.

Тоҷики