Санаи 31 январи соли 2022 байни ТҚХ «Оксус» ва ФҚХ «Фонди бозтамвил», бо мақсади васеъ намудани дастрасии аҳолии фаъол ба захираҳои молиявии арзон ва ҷалби соҳибкорон ба раванди татбиқи сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон, созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Бояд қайд намуд, ки хати қарзӣ пешниҳодшуда аз ҷониби ФҚХ «Фонди бозтамвил» барои мусоидат ба рушди низоми молия дар минтақаҳои дурдасти кишварамон равона мегардад.