• +992 98 591 00 10
  • Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. Вам необхідно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.

Post Formats

  • ОКСУС Таджикистан

Зебӣ Одинаева

Неактивна зіркаНеактивна зіркаНеактивна зіркаНеактивна зіркаНеактивна зірка
 

Зебӣ Одинаева яке аз мизоҷонест, ки тайи 6 соли охир бо OXUS Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд.  Қарзи аввалини ӯ $ 1000 буд, ки вай соли 2012 барои оғози фаъолияти боғдорӣ (кишти картошка) гирифта буд. Ба туфайли иқлими маҳаллӣ ва машварат бо агрономҳо вай тавонист ҳосили дилхоҳро ба даст орад ва таҷрибаи аввалини ӯ дар қарзгирӣ хеле бомуваффақ буд. Баъди чунин таҷрибаи бомувафаққият, вай тасмим гирифт, ки ҳамкориро идома диҳад ва манбаъи даромади худро васеъ кунад, инчунин кишти зироатҳои гуногун ба монанди картошка ва гандумро ба роҳ монад.  Ӯ чорводорӣ ва хариди говҳоро барои худ ҳамчун мақсад гузошт. Натиҷаҳои фаъолияти ӯ вазъи иқтисодии оилаашро  устувор карданд. Зинаи навбатии ҳамкории ӯ бо "OXUS Тоҷикистон" бо беҳтар намудани шароити зисти хонавода, таъмири хона ва харидани техникаи гуногуни маишӣ оғоз гардид. Ҳамин тариқ, вай зина ба зина 3 қарзи дигар гирифт. Охирин қарзи гирифтаи ӯ аз ташкилот 4000 сомонӣ буд.  Ба шарофати шароити қулай ва  қарзҳои дастраси "OXUS Тоҷикистон" Зебӣ Одинаева ҳадафҳои худро амалӣ кард ва ин амал ӯро зани хушбахт ва муваффақ гардонд.  


© 2021 ТҚХ «ОКСУС» Тоҷикистон