Ҳамаи хабарҳо›Эълони тендер оид ба таҳвили таҷҳизоти IT

Эълони тендер оид ба таҳвили таҷҳизоти IT

3 ноября 2026 г.

ҶДММ ТАҚХ «ОКСУС» тендерро оид ба таҳвили таҷҳизоти IT эълон менамояд ва таъминкунандагони соҳибихтисосро барои пешниҳоди дархостҳо даъват мекунад. Мӯҳлати ниҳоии пешниҳоди дархостҳо: то 12 ноябри соли 2026.

Эълони тендер оид ба таҳвили таҷҳизоти IT
ҶДММ ТАҚХ «ОКСУС» тендерро оид ба таҳвили таҷҳизоти IT эълон менамояд ва таъминкунандагони соҳибихтисосро барои пешниҳоди дархостҳо даъват мекунад.

1. Мавзӯи тендер
• Router (IT/Developers) — 2 дона — FortiGate-121G
• Router (for branches and subbranches) (IT) — 5 дона — FortiSwitch-108F
• Switch (Developers) — 2 дона — FortiSwitch-124F
• Server (Developers) — 3 дона — ProLiant DL380 Gen11 (1 x Rack 2U 8 SFF, 2 x Intel Xeon Silver 4510, 8 x 32GB Dual Rank x8 DDR5-4800 Reg, 1 x MR408i-o G11 x8L 4GB Controller, 4 x 2.4TB SAS 12G Enterprise 10K SFF, 4 x 3.84TB SSD SATA 6G Read Intensive 2.5''(SFF), 1 x iLO 6 ASIC, 1 x 16Gb FC Dual Channel HBA PCI-E 3.0 SFP+ (SN1100Q), 1 x Broadcom 5719 Quad Port 1Gb, 2 x RPS 1000W Titanium)
• Data Storage System (DSS) (Developers) — 1 дона — HPE MSA 2072 (1 x Rack 2U 24 SFF, 2 x 16Gb FC Controller, 8 x 16 Gb FC ports per array, 1 x HPE Advanced Data Services LTU, 2 x 1.92TB SAS 12G Read Intensive SFF, 4 x 3.84TB SAS 12G Read Intensive SFF, 4 x 7.68TB SAS 12G RI SFF (2.5in) M2 SSD, 2 x 580W RPS 80+ Platinum)

2. Гирифтани маълумоти техникӣ
Таъминкунандагони ҳавасманд метавонанд хусусиятҳои муфассали техникӣ, талабот нисбат ба маҷмӯи таҷҳизот ва шартҳои иштирок дар тендерро тавассути фиристодани дархост ба почтаи электронии расмӣ дастрас намоянд: [email protected].
Маълумоти иловагӣ дар рӯзҳои корӣ аз соати 09:00 то 17:00 бо вақти ш. Душанбе пешниҳод мегардад.

3. Тартиби гузаронидани тендер
Тендер тибқи қоидаҳои дохилии хариди ташкилот гузаронида мешавад. Барои иштирок таъминкунандагоне даъват карда мешаванд, ки метавонанд таҳвили таҷҳизотро мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи техникии муқарраршуда дар бандҳои 1 ва 4 таъмин намоянд.

4. Талабот ба дархостҳои озмунӣ
4.1. Дархост бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
• маълумот дар бораи таъминкунанда ва маълумоти тамос;
• нусхаи ҳуҷҷатҳои расмӣ, ки ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти таҳвили таҷҳизотро тасдиқ мекунанд (шаҳодатнома дар бораи бақайдгирӣ ва иқтибос аз Феҳристи ягона);
• номгӯй, модел ва хусусиятҳои муфассали техникии таҷҳизот;
• арзиши ҳар як мавқеъ ва арзиши умумии таклиф бо назардошти ҳамаи андозҳои дахлдор;
• мӯҳлат ва шартҳои таҳвил;
• шартҳои пардохт;
• шартҳои кафолат ва хизматрасонии техникӣ;
• мӯҳлати эътибори дархост.
4.2. Дархостҳо бояд пурра тибқи банди 4.1 ва танҳо дар лифофаи мӯҳрдор ба суроғаи дар банди 6 зикршуда пешниҳод шаванд.

5. Мӯҳлат ва тартиби пешниҳоди дархостҳо
Мӯҳлати охирини пешниҳод: то 12 ноябри соли 2026. Дархостҳое, ки пас аз мӯҳлати муқарраршуда ворид мешаванд, баррасӣ карда намешаванд.

6. Маълумоти тамос
Контактное лицо: Пулодбекзода Ёсуман
Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Шарқ 14
Телефон: +992 918 246338

Ташкилот ҳуқуқ дорад барои дақиқ кардани маълумот бо таъминкунандагон тамос гирад ва ҳуҷҷатҳои иловагии тасдиқкунандаро талаб намояд.
Баргаштан
Фиристодан: