Ҳуқуқи мизоҷ

Муроҷиат ба ҶДММ ТАҚХ «ОКСУС»

Ҳар як мизоҷи ташкилот бо мақсади беҳтар намудани хизматрасониҳои молиявӣ, аз ҷумла хизматрасониҳои марбут ба қарзҳо, пасандозҳо, интиқоли маблағ ва ғайра, ҳуқуқ дорад шикоят ё пешниҳоди худро ба ташкилот ирсол намояд.

Қисми кор бо арзу шикоятҳо

Дар ҶДММ ТАҚХ «ОКСУС» сохтори махсус фаъолият мекунад, ки барои қабул, муҳокима ва баррасии ҳама гуна муроҷиатҳо масъул мебошад.

Мирсаидова Нафисабону

Мирсаидова Нафисабону
Сайфулложоновна

Ҳамоҳангсози Нишондиҳандаҳои Иҷтимоӣ ва Муҳити Зист

Тамос: +992 98 429 97 97

Ба кумак ниёз доред?

Агар шумо ягон пешниҳод ё мушкилӣ дошта бошед, ба мо нависед.

Мавзӯъро интихоб кунед

Тартиби қабул ва баррасии муроҷиатҳо

Муроҷиатҳои мизоҷон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дар ташкилот баррасӣ карда мешаванд.

Мӯҳлати умумӣ

То 30 рӯзи тақвимӣ

Огоҳии қабул

Дар давоми 3 рӯзи корӣ

Шаклҳои қабули арзу шикоятҳо

Хаттӣ:

  • Муроҷиат дар шакли коғазӣ ба роҳбари воҳиди сохтории ташкилот ва ё тариқи сандуқи арзу шикоятҳо.
  • Ирсоли арзу шикоят ба почтаи электронии ташкилот.
  • Ҷойгир кардани арзу шикоят дар сомонаи расмӣ ё саҳифаҳои иҷтимоии ташкилот.

Шифоҳӣ:

  • Арзу шикояти телефонӣ тавассути Маркази тамоси ташкилот ба рақами 1818.
  • Ҳангоми қабули роҳбарияти ташкилот / воҳиди сохторӣ.